Манам, ки шуҳраи шаҳрам ба ишқ варзидан

393

Манам, ки шуҳраи шаҳрам ба ишқ варзидан,
Манам, ки дида наёлудаам ба бад дидан.

Вафо кунему маломат кашему хуш бошем,
Ки дар тариқати мо кофирист ранҷидан.

Ба пири майкада гуфтам, ки: Чист роҳи наҷот?
Бихост ҷоми маю гуфт: Айб пӯшидан.

Муроди дил зи тамошои боғи олам чист?
Ба дасти мардуми чашм аз рухи ту гул чидан.

Ба майпарастӣ аз он нақши худ бар об задам,
Ки то хароб кунам нақши худ парастидан.

Ба раҳмати сари зулфи ту восиқам, в-арна
Кашиш чу набвад аз он сӯ, чӣ суд кӯшидан?

Инон ба майкада хоҳем тофт з-ин маҷлис,
Ки ваъзи беамалон воҷиб аст нашнидан.

Зи хатти ёр биёмӯз меҳр бо рухи хуб,
Ки гирди орази хубон хуш аст гардидан.

Мабӯс ҷуз лаби соқию ҷоми май, Ҳофиз,
Ки дасти зуҳдфурӯшон хатост бӯсидан.