Манам, ё Раб, дар ин давлат, ки рӯи ёр мебинам

425

Манам, ё Раб, дар ин давлат, ки рӯи ёр мебинам,
Фарози сарви симинаш гуле пурбор мебинам.

Магар тӯбо баромад дар саробустони ҷони ман,
Ки бар ҳар шуъбае мурғе шакаргуфтор мебинам?!

Магар дунё сар омад, к-инчунин озод дар ҷаннат
Маи бедурд менӯшам, гули бехор мебинам?!

Аҷаб дорам зи бахти хешу ҳар дам дар гумон афтам,
Ки мастам ё ба хобам, ё ҷамоли ёр мебинам?!

Замин бӯсидаам бисёру хидмат карда, то акнун
Лаби маъшуқ мебӯсам, рухи дилдор мебинам.

Чӣ тоат кардаам, гӯӣ, ки ин подош меёбам?
Чӣ фармон бурдаам, гӯӣ, ки ин миқдор мебинам?

Туӣ, ёро, ки хоболуд бар ман тохтан кардӣ,
Манам, ё Раб, ки бахти худ чунин бедор мебинам.

Чу хилват бо миён омад, нахоҳам шамъи кошона,
Таманнои биҳиштам нест, чун дидор мебинам.

Кадом олола мебӯям, ки мағзам анбарогин шуд?
Чӣ райҳон даста бандам, чун ҷаҳон гулзор мебинам?

Зи гардун наъра меояд, ки инат булъаҷаб коре,
Ки Саъдиро зи рӯи дӯст бархурдор мебинам.