Манзил накарда дил ҳанӯз андар ҳарими синаам

Манзил накарда дил ҳанӯз андар ҳарими синаам,
Ишқи ту дар дил дошт ҷо, ман ошиқи деринаам.

Аз дилхарош афғони ман теғат ба хунам тез шуд,
Теғи туро сӯҳон бувад, гӯйӣ хароши синаам.

Ман доначин мурғе наям, к-оям ба доми кас фурӯ,
Сели балову тухми ғам бас бошад обу чинаам.

Вақти хатиби шаҳри мо хуш, к-ӯ ба рағми муҳтасиб
Яксар барад то пойи хум аз масҷиди одинаам.

Азбаски ҷуръа бар сарам резанд мастони лабат,
Ҳаст аз палоси майкада олудатар пашминаам.

Дар гиря умр омад ба сар в-аз шавқи лаълат сина пур,
Сад ганҷи гавҳар рехтам, холӣ нашуд ганҷинаам.

Ҷомӣ, набинад чашми ҷон ҷуз акси соқии азал,
То дод пири майфурӯш аз ҷоми май ойинаам.