Мани бемоя кӣ бошам, ки харидори ту бошам?

402

Мани бемоя кӣ бошам, ки харидори ту бошам?
Ҳайф бошад, ки ту ёри ману ман ёри ту бошам.

Ту магар сояи лутфе ба сари вақти ман орӣ,
Ки ман он моя надорам, ки ба миқдори ту бошам.

Хештан бар ту набандам, ки ман аз худ написандам,
Ки ту ҳаргиз гули ман бошию ман хори ту бошам.

Ҳаргиз андеша накардам, ки камандат ба ман афтад,
Ки ман он вақъ надорам, ки гирифтори ту бошам.

Ҳаргиз андар ҳама олам нашиносам ғаму шодӣ,
Магар он вақт, ки шодихуру ғамхори ту бошам.

Гузар аз дасти рақибон натавон кард ба кӯят,
Магар он вақт, ки дар сояи зинҳори ту бошам.

Гар Худованди таъоло ба гуноҳет бигирад,
Гӯ, биёмурз, ки ман ҳомили авзори1 ту бошам.

Мардумон ошиқи гуфтори ман, эй қиблаи хубон,
Чун набошанд, ки ман ошиқи дидори ту бошам?!

Ман чӣ шоистаи онам, ки туро хонаму донам?
Магарам ҳам ту бибахшӣ, ки сазовори ту бошам.

Гарчи донам, ки ба васлат нарасам, боз нагардам,
То дар ин роҳ бимирам, ки талабгори ту бошам.

На дар ин олами дунё, ки дар он олами уқбо
Ҳамчунон бар сари онам, ки вафодори ту бошам.

Хок бодо тани Саъдӣ, агараш ту написандӣ,
Ки нашояд, ки ту фахри ману ман ори ту бошам.


1 Гуноҳон.