Мани бесабру дил, к-он шакли зебо ҳар замон бинам

Мани бесабру дил, к-он шакли зебо ҳар замон бинам,
Балои ҷон шавад, ҳар дидану ман ҳамчунон бинам.

Савори шӯхи ман, дар ҷилваи нозию ман ҳайрон,
Гаҳ он пову рикобу гоҳе он дасту инон бинам.

Ниҳода бар камон тир аз пайи сайди мани мискин,
Чу маҳрумон ба ҳасрат ҷониби тиру камон бинам.

Пас аз умре риёзат он чӣ соликро шавад равшан,
Шуд акнун умрҳо, к-аз орази хубаш аён бинам.

Мани бедил, ки бо худ ҳайф дорам ҳамдамаш дидан,
Куҷо тоб оварам, к-аш ҳар замон бо ину он бинам.

Ба кӯяш он ҳама ошиқ, ки дидам ҳар киро ҷӯям,
Ба ҷойи ӯ ҳамин фарсуда муште устухон бинам.

Касон шабҳо ба фикри ишрату Ҷомӣ дар ин савдо,
Ки фардо чун кунам, он офати ҷонро чӣ сон бинам!