Ман аз ин ҷо ба маломат наравам

427

Ман аз ин ҷо ба маломат наравам,
Ки ман ин ҷо ба умеде гаравам.

Гар ба ақлам сухане мегӯянд,
Бими он аст, ки девона шавам.

Гӯши дил рафта ба овози самоъ,
Натавонам, ки насиҳат шунавам.

Ҳама, гӯ, бод, бибар хирмани умр,
Ду ҷаҳон бе ту наярзад ду ҷавам.

Дӯстон, айбу маломат макунед,
К-он чи худ кошта бошам, даравам.

Мани бечораи гарданбакаманд
Чӣ кунам, гар ба рикобаш наравам?

Саъдиё, гуфт, ба хобам бинӣ,
Бевафо ёрам, агар меғанавам.