Ман аз куҷову ғаму шодии ҷаҳон зи куҷо?!

46

Ман аз куҷову ғаму шодии ҷаҳон зи куҷо?!
Ман аз куҷо, ғами борону новадон зи куҷо?!

Чаро ба олами аслии хеш во наравем?!
Дил аз куҷову тамошои хокдон зи куҷо?!

Чу хар надораму харбанда нестам, ай ҷон,
Ман аз куҷо, ғами полону кӯдбон зи куҷо?!

Ҳазорсола гузаштӣ зи ақлу ваҳму гумон,
Ту аз куҷову фишороти бадгумон зи куҷо?!

Ту мурғи чорпарӣ, то бр осмон парӣ,
Ту аз куҷову раҳи бому нардбон зи куҷо?!

Касе турову ту касро ба буз намегирӣ,
Ту аз куҷову ҳаёҳои ҳар шубон зи куҷо?!

Ҳазор наъра зи болои осмон омад,
Ту тан заниву наҷӯйӣ, ки ин фиғон зи куҷо!

Чу одамӣ ба яке мор шуд бурун зи биҳишт,
Миёни каждуму морон туро амон зи куҷо?!

Дило, дило, ба сари ришта шав, масал бишунав,
Ки осмон зи куҷоясту ресмон зи куҷо!

Шароби хом биёру ба пухтагон дардиҳ,
Ман аз куҷо, ғами ҳар хоми қалтабон зи куҷо?!

Шаробхона дарову дар аз дарун дарбанд,
Ту аз куҷову баду неки мардумон зи куҷо?!

Тамаъ мадор, ки умри туро карон бошад,
Сифоти Ҳаққиву Ҳақро ҳаду карон зи куҷо?!

Аҷал қафас шиканад, мурғро наёзорад,
Аҷал куҷову пари мурғи ҷовидон зи куҷо?!

Хамӯш бош, ки гуфтӣ басеву кас нашунид,
Ки ин дуҳул зи чӣ бом асту ин баён зи куҷо?!