Ман аз ту рӯй напечам, гарам биёзорӣ

565

Ман аз ту рӯй напечам, гарам биёзорӣ,
Ки хуш бувад зи азизон таҳаммули хорӣ.

Ба ҳар силоҳ, ки хуни маро бихоҳӣ рехт,
Ҳалол кардамат, илло ба теғи безорӣ.

Ту дар дили ман аз он хуштарию ширинтар,
Ки ман туруш бинишинам зи талхгуфторӣ.

Агар дуот иродат бувад, в-агар дашном,
Бигӯй аз он лаби ширин, ки шаҳд меборӣ.

Агар ба сайд равӣ, ваҳшӣ аз ту нагрезад,
Ки дар каманди ту роҳат бувад гирифторӣ.

Ба интизори иёдат, ки дӯст меояд,
Хуш аст бар дили ранҷури ишқ беморӣ.

Гарам ту заҳр диҳӣ, чун асал биёшомам,
Ба шарти он ки ба дасти рақиб наспорӣ.

Ту меравию маро чашму дил ба ҷониби туст,
Вале чӣ суд, ки ҷониб нигаҳ намедорӣ.

Гарат чу ман ғами ишқе замона пеш орад,
Дигар ғами ҳама олам ба ҳеч нашморӣ.

Дарознои шаб аз чашми дардмандон пурс,
Ки ҳар чӣ пеши ту саҳл аст, саҳл пиндорӣ.

Ҳикояти ману Маҷнун ба якдигар монад,
Наёфтему бимурдем дар талабгорӣ.

Бинол, Саъдӣ, агар чораи висолат нест,
Ки нест чораи бечорагон ба ҷуз зорӣ.