Ман барнахоҳам дошт дил аз меҳри ёре ҳамчу ту

Ман барнахоҳам дошт дил аз меҳри ёре ҳамчу ту,
Охир, чаро шӯяд касе даст аз нигоре ҳамчу ту.

З-ин сон, ки ту, ай нозанин, ҷавлон кунӣ дар пушти зин,
Н-ояд ба майдон баъд аз ин чобуксаворе ҳамчу ту.

Гуфтӣ: – Бирав, дар кунҷи ғам биншин, сабурӣ пеша кун,
Охир, сабурӣ чун тавон бе ғамгусоре ҳамчу ту?

Дар сина гар хорам халад ё хор-хорам дар ҷигар,
Ҳошо, ки дил дигар кунам бо гулузоре ҳамчу ту.

Дил кай диҳад гирди гулу гулзор гаштан ҳар киро,
К-ӯ дар даруни ҷон бувад боғу баҳоре ҳамчу ту.

Сад раҳ кашам хоки дараш дар дида, ай боди сабо,
Рӯзе ба кӯяш гар маро афтад гузоре ҳамчу ту.

Овозаи он хубрӯ чун рафт, Ҷомӣ, ҳар тараф,
Овора хоҳад шуд басе аз ҳар диёре ҳамчу ту.