Ман ба хун ғарқу лаби лаъли ту дар ханда ҳанӯз

Ман ба хун ғарқу лаби лаъли ту дар ханда ҳанӯз,
Захмкорию ман аз теғи ту шарманда ҳанӯз.

Чӣ аҷаб, гар бигудозам ҳама шаб бе ту чу шамъ,
Аҷаб ин аст, ки рӯз ояду ман зинда ҳанӯз.

Бас гирифтор, ки дар роҳи вафоят шуда хок,
Сарви ту соя бар он хок наяфганда ҳанӯз.

Накунад гарчи дигар бо ту санавбар даъво,
Хурад аз дасти сабо мушти пароканда ҳанӯз.

Солик аз жандаи садпора ба ҷое нарасад,
Риштаи меҳри ту нодӯхта дар жанда ҳанӯз.

Шоҳро хотами давлат надиҳад нақши мурод,
Дар нигин ҳарфи таманнои ту ноканда ҳанӯз.

Ҷомӣ озод шуд аз бандагии халқ, вале
Ҳамчунон ҳаст саги кӯйи туро банда ҳанӯз.