Ман бода ба мардуми хирадманд хурам

Ман бода ба мардуми хирадманд хурам,
Ё аз кафи хубони шакарханд хурам.
Ҳаргиз нахурам зи бода хурдан савганд,
Ҳошо, ки ба ҷои бода савганд хурам!