Ман ин тамаъ накунам, к-аз ту ком баргирам

396

Ман ин тамаъ накунам, к-аз ту ком баргирам,
Магар бибинамат аз дуру гом баргирам.

Ман ин хаёл набандам, ки донае ба мурод
Миёни ин ҳама ташвиши дом баргирам.

Ситодаам, ба ғуломӣ гарам қабул кунӣ,
В-агар нахоҳӣ, кафши ғулом баргирам.

Маро зи дасти ту, гар мунсифӣ, в-агар золим,
Гурез нест, ки дил з-ин мақом баргирам.

Зи фикрҳои парешону борҳои фироқ,
Ки бар дил аст, надонам, кадом баргирам.

Гарам ҳазор тааннут кунию таъна занӣ,
Ман он наям, ки раҳи интиқом баргирам.

Гарам ҷавоз набошад ба боргоҳи қабул,
В-агар маҷол набошад, ки ком баргирам,

Аз ин қадар нагурезам, ки бӯсе аз даҳанат,
Агар ҳалол набошад, ҳаром баргирам.