Ман кӣ бошам, ки бар он хотири отир гузарам

328

Ман кӣ бошам, ки бар он хотири отир гузарам,
Лутфҳо мекунӣ, эй хоки дарат тоҷи сарам.

Дилбаро, банданавозит кӣ омӯхт? Бигӯ,
Ки ман ин зан ба рақибони ту ҳаргиз набарам.

Ҳимматам бадрақаи роҳ кун, эй тоири қудс,
Ки дароз аст раҳи мақсаду ман навсафарам.

Эй насими саҳарӣ, бандагии ман бирасон,
Ки фаромӯш макун вақти дуои саҳарам.

Хуррам он рӯз, к-аз ин марҳала барбандам рахт
В-аз сари кӯйи ту пурсанд рафиқон хабарам.

Ҳофизо, шояд агар дар талаби гавҳари васл
Дида дарё кунам аз ашку дар ӯ ғӯта х(в)арам.

Пояи назм баланд асту ҷаҳонгир, бигӯ,
То кунад подшаҳи баҳр даҳон пургуҳарам.