Ман нишастам зи талаб в-ин дили печон нанишаст

121

Ман нишастам зи талаб в-ин дили печон нанишаст,
Ҳама рафтанду нишастанду даме ҷон нанишаст!

Ҳар ки истод, ба коре бинишаст охири кор,
Кор он дорад, он, к — аз талаби он нанишаст!

Ҳар ки ӯ наъраи тасбеҳи ҷамоди ту шунид,
То набурдаш ба саропардаи субҳон, нанишаст!

То Сулаймон ба ҷаҳон миҳри ҳавоят нанамуд,
Бар сари авҷи ҳаво тахти Сулаймон нанишаст!

Ҳар ки ташвиши сари зулфи парешони ту дид,
То абад аз дили ӯ фикри парешон нанишаст!

Ҳар ки дар хоб хаёли лаби хандони ту дид,
Хоб аз ӯ рафту хаёли лаби хандон нанишаст!

Турушиҳои ту сафрои раҳиро нанишонд
В-аз илоҷи сари савдои фаровон нанишаст!

Ҳар киро бӯйи гулистони висоли ту расид,
Ҳамчунин рақскунон то ба гулистон нанишаст!