Ман он наям, ки дил аз меҳри дӯст бардорам

387

Ман он наям, ки дил аз меҳри дӯст бардорам,
В-агар зи кинаи душман ба ҷон расад корам.

На рӯи рафтанам аз хоки остонаи дӯст,
На эҳтимоли нишастан, на пои рафторам.

Куҷо равам, ки дилам пойбанди меҳри касест?
Сафар кунед, рафиқон, ки ман гирифторам.

На ӯ ба чашми иродат назар ба ҷониби мо
Намекунад, ки ман аз заъф нопадидорам.

Агар ҳазор тааннут кунию таъна занӣ,
Ман ин тариқи муҳаббат зи даст нагзорам.

Маро ба манзари хубон агар набошад майл,
Дуруст шуд ба ҳақиқат, ки нақши деворам.

Дар он қазийя, ки бо мо ба сулҳ бошад дӯст,
Агар ҷаҳон ҳама душман шавад, чӣ ғам дорам?

Ба ишқи рӯи ту иқрор мекунад Саъдӣ,
Ҳама ҷаҳон бадар оянд, гӯ, ба инкорам.

Куҷо тавонамат инкори дӯстӣ кардан,
Ки оби дида гувоҳӣ диҳад ба иқрорам.