Ман худ, эй соқӣ, аз ин шавқ ки дорам, мастам

367

Ман худ, эй соқӣ, аз ин шавқ ки дорам, мастам,
Ту ба як ҷуръаи дигар бибарӣ аз дастам.

Ҳар чӣ кӯтаҳназаронанд, бар эшон паймой,
Ки ҳарифон зи мулу1 ман зи тааммул мастам.

Ба ҳақи меҳру вафое, ки миёни ману туст,
Ки на меҳр аз ту буридам, на ба кас пайвастам.

Пеш аз обу гили ман дар дили ман меҳри ту буд,
Бо худ овардам аз он ҷо, на ба худ барбастам.

Ман ғуломи туам аз рӯи ҳақиқат, лекин
Бо вуҷудат натавон гуфт, ки ман худ ҳастам.

Доиман одати ман гӯша нишастан будӣ,
То ту бархостаӣ, аз талабат наншастам.

Ту малулию маро тоқати танҳоӣ нест,
Ту ҷафо кардию ман аҳди вафо нашкастам.

Саъдиё, бо ту нагуфтам, ки марав дар паи дил?
Наравам боз, гар ин бор ки рафтам, ҷастам.


1 Бода, шароб.