Ман чӣ дар пои ту резам, ки хурои ту бувад?

260

Ман чӣ дар пои ту резам, ки хурои1 ту бувад?
Сар на чизест, ки шоистаи пои ту бувад.

Хуррам он рӯй, ки дар рӯи ту бошад ҳама умр,
В-ин набошад магар он вақт, ки рои ту бувад.

Заррае дар ҳама аҷзои мани мискин нест,
Ки на он зарра муаллақ ба ҳавои ту бувад.

То туро ҷой шуд, эй сарви равон, дар дили ман,
Ҳеч кас менаписандам, ки ба ҷои ту бувад.

Ба вафои ту, ки гар хишт зананд аз гили ман,
Ҳамчунон дар дили ман меҳру вафои ту бувад.

Ғоят он аст, ки мо дар сари кори ту равем,
Марги мо бок набошад, чу бақои ту бувад.

Мани парвонасифат пеши ту, эй шамъи Чигил,
Гар бисӯзам, гунаҳи ман, на хатои ту бувад.

Аҷаб аст, он ки туро диду ҳадиси ту шунид,
Ки ҳама умр на муштоқи лиқои ту бувад.

Хуш бувад нолаи дилсӯхтагон аз сари дард,
Хоса дарде, ки ба уммеди давои ту бувад.

Мулки дунё ҳама бо ҳиммати Саъдӣ ҳеч аст,
Подшоҳиш ҳамин бас, ки гадои ту бувад.


1 Шоиста, дархур.