Ман ҳамон рӯз, ки он хол бидидам, гуфтам

370

Ман ҳамон рӯз, ки он хол бидидам, гуфтам:
Бими он аст бад-ин дона, ки дар дом уфтам.

Ҳаргиз ошуфтаи рӯе нашудам ё мӯе,
Магар акнун, ки ба рӯи ту чу мӯй ошуфтам.

Ҳеч шак нест, ки ин воқиа бо тоқ уфтад,
Гар бидонед, ки ман бо ғами рӯяш ҷуфтам.

Ранги рӯям ғами дил пеши касон мегӯяд,
Фош кард, он ки зи бегона ҳамебинҳуфтам.

Пеш аз онам, ки ба девонагӣ анҷомад кор,
Маърифат панд ҳамедод, намепазруфтам.

Ҳар кӣ ин рӯй бибинад, бидиҳад пушти гурез,
Гар бидонад, ки ман аз вай ба чӣ паҳлӯ хуфтам.

Оташе бар сарам аз доғи ҷудоӣ мерафт,
В-обе аз дида ҳамешуд, ки замин месуфтам.

Аҷаб он аст, ки бо заҳмати чандине хор
Бӯи субҳе нашунидам, ки чу гул нашкуфтам.

Пеш аз ин хотири ман хонаи пурмашғала буд,
Бо ту пардохтамаш, в-аз ҳама олам руфтам.

Саъдӣ он нест, ки дархурди ту гӯяд сухане,
Он чи дар вусъи худам дар даҳан омад, гуфтам.