Мапиндор аз лаби шириниборат

37

Мапиндор аз лаби шириниборат,
Ки коме ҳосил ояд бе марорат1.

Фироқ афтад миёни дӯстдорон,
Зиёну суд бошад дар тиҷорат.

Якеро чун бибинӣ куштаи дӯст,
Ба дигар дӯстонаш деҳ башорат.

Надонам ҳеч кас дар аҳли ҳуснат,
Ки бо дил бошад, илло бебасорат2.

Маро он гӯшаи чашми диловез
Ба куштан мекунад гӯӣ ишорат.

Гар он ҳалво ба дасти сӯфӣ афтад,
Худотарсӣ набошад рӯзи ғорат.

Аҷаб дорам даруни ошиқонро,
Ки пироҳан намесӯзад ҳарорат.

Ҷамоли дӯст чандон соя андохт,
Ки Саъдӣ нопадид аст аз ҳақорат.


1 Талхӣ.
2 Кӯтаҳбин, нобино.