Мапурс аз ман, ки ҳечам ёд кардӣ

535

Мапурс аз ман, ки ҳечам ёд кардӣ,
Ки худ ҳечам фаромуш менагардӣ.

Чӣ некӯрӯю бадаҳдӣ, ки шаҳре
Ғамат хурданду касро ғам нах(в)ардӣ.

Чаро мо бо ту, эй маъшуқи танноз,
Ба сулҳему ту бо мо дар набардӣ?

Насиҳат мекунандам сардгӯён,
Ки баргард аз ғамаш бе рӯйзардӣ.

Намедонанд, к-аз бемори ишқат
Ҳарорат бознаншинад ба сардӣ.

Валекин бо рақибон чорае нест,
Ки эшон мисли хоранду ту вардӣ.

Агар бо хубрӯён менишинӣ,
Бисоти некномӣ дарнавардӣ.

Дигар бо ман магӯ, эй боди гулбӯй,
Ки ҳамчун булбулам девона кардӣ.

Чаро дардат начинад ҷони Саъдӣ?
Ки ҳам дардию ҳам дармони дардӣ.