Мардумшикоро, кин маҷӯ бо дӯстдорон беш аз ин

Мардумшикоро, кин маҷӯ бо дӯстдорон беш аз ин,
Кофирсаворо, сар макаш з-ин хоксорон беш аз ин.

Оҳанги нозу кин макун, тороҷи ақлу дин макун,
Баҳри Худо, ойин макун озори ёрон беш аз ин.

Бар реши дил марҳам бувад доғат, манеҳ баҳри Худо,
Доғи ғами бемарҳаме бар дилфигорон беш аз ин.

Гуфтӣ: – Ғаму дарди туро ҳар дам физоям андаке,
Доранд умед аз хӯйи ту уммедворон беш аз ин.

Бурдӣ нахуст аз дил қарор, он гаҳ нуҳуфтӣ рух зи мо,
Мапсанд ойини ҷафо бо беқаророн беш аз ин.

Боз, ай савори каҷкулаҳ, бар мо чӣ меронӣ сипаҳ?
Бигзар, ки набвад мӯрро тоби саворон беш аз ин!

Наъли самандаш, Ҷомиё, ҳайф аст, к-олояд ба гил,
Бар раҳгузори ӯ марез аз дида борон беш аз ин.