Маро аҳдест бо ҷонон, ки то ҷон дар бадан дорам

327

Маро аҳдест бо ҷонон, ки то ҷон дар бадан дорам,
Ҳаводорони кӯяшро чу ҷони хештан дорам.

Сафои хилвати хотир аз он шамъи Чигил ҷӯям,
Фурӯғи чашму нури дил аз он моҳи Хутан дорам.

Бо кому орзуи дил чу дорам хилвате ҳосил,
Чӣ фикр аз хубси бадгӯён миёни анҷуман дорам?

Маро дар хона сарве ҳаст, к-андар сояи қаддаш
Фароғ аз сарви бустонию шамшоди чаман дорам.

Гарам сад лашкар аз хубон ба қасди дил камин созанд,
Биҳамдиллоҳи ва-л-миннаҳ, буте лашкаршикан дорам.

Сазад, к-аз хотами лаълаш занам лофи сулаймонӣ,
Чу Исми Аъзамам бошад, чӣ бок аз Аҳриман дорам?!

Ало, эй пири фарзона, макун манъам зи майхона,
Ки ман дар тарки паймона диле паймоншикан дорам.

Худоро, эй рақиб, имшаб замоне дида бар ҳам неҳ,
Ки ман бо лаъли хомӯшаш ниҳонӣ сад сухан дорам.

Чу дар гулзори иқболаш хиромонам, биҳамдиллаҳ,
На майли лолаву насрин, на барги настаран дорам.

Ба риндӣ шуҳра шуд Ҳофиз миёни ҳамдамон, лекин
Чӣ ғам дорам, ки дар олам Қавомуддин Ҳасан дорам.