Маро бидиду напурсид он нигор чаро?!

49

Маро бидиду напурсид он нигор чаро?!
Туруш-туруш бигузашт аз дарича ёр чаро?!

Сабаб чӣ буд, чӣ кардам, ки бад намуд зи ман,
Ки хотираш бигирифтаст ин ғубор чаро?!

Зи бомдод чаро қасди хуни ошиқ кард?!
Чаро кашид чунин теғи Зулфиқор, чаро?!

Чу лаб ба ханда кушояд, кушода гардад дил,
Дар он лаб аст ҳамеша кушоди кор чаро?!

Миёни абруи худ чун гираҳ занад аз хашм,
Гираҳ-гираҳ шавад аз ғам дили фигор чаро?!

Ҷаҳон сияҳ шавад он дам, ки рӯ бигардонад,
На рӯз монаду не ақл барқарор чаро?!

Яке нафас, ки дили ёри мо зи мо бирамид,
Чаро рамид зи мо лутфи кирдгор, чаро?!

Магар, ки лутфи Худо ӯст, мо ғалат кардем,
Вагарна хубии ӯ гашт беканор чаро?!

Буруни сурат агар лутфи маҳз додӣ рӯй,
Паямбарон зи чӣ гаштанд пардадор, чаро?!