Маро ду дида ба роҳу ду гӯш бар пайғом

362

Маро ду дида ба роҳу ду гӯш бар пайғом,
Ту мустариҳу1 ба афсӯс меравад айём.

Шабе напурсию рӯзе, ки дӯстдоронам
Чӣ гуна шаб ба саҳар мебаранду рӯз ба шом.

Бибурдӣ аз дили ман, меҳри ҳар ҳар куҷо санамест,
Маро ки қибла гирифтам, чӣ кор бо асном?

Ба кори дил нафасе бо ту илтимоси ман аст,
Басо нафас, ки фурӯ рафту барнаёмад ком.

Маро на давлати васлу на эҳтимоли фироқ,
На пои рафтан аз ин ноҳият, на ҷои мақом.

Чӣ душманӣ ту, ки аз ишқи дасту шамшерат
Мутоваат2 ба гурезам намекунанд ақдом3?

Маломатам накунад, ҳар кӣ маърифат дорад,
Ки ишқ мебиситонад зи дасти ақл зимом.

Маро, ки бо ту сухан гӯяму сухан шунавам,
На гӯши фаҳм бимонад, на ҳуши истифҳом.

Агар забони маро рӯзгор дарбандад,
Ба ишқ дар сухан оянд резаҳои изом4.

Бар оташи дили Саъдӣ кадом дил, ки насӯхт?
Гар ин сухан биравад, дар ҷаҳон намонад хом.


1 Осудаву роҳат.
2 Итоат ва фармонбардорӣ.
3 Қадамҳо.
4 Устухонҳо.