Маро мебинию ҳар дам зиёдат мекунӣ дардам

318

Маро мебинию ҳар дам зиёдат мекунӣ дардам,
Туро мебинаму майлам зиёдат мешавад ҳар дам.

Ба сомонам намепурсӣ, намедонам, чӣ сир дорӣ,
Ба дармонам намекӯшӣ, намедонӣ магар дардам?

На роҳ аст ин, ки бигзорӣ маро бар хоку бигрезӣ,
Гузоре ору бозам пурс, то хоки раҳат гардам.

Надорам дастат аз доман ба ҷуз дар хоку он дам ҳам,
Ки бар хокам равон гардӣ, бигирад доманат гардам.

Фурӯ рафт аз ғами ишқат дамам, дам медиҳӣ то кай?
Димор аз ман баровардӣ, намегӯйӣ баровардам.

Шабе дилро ба торикӣ зи зулфат бозмеҷустам,
Рухат медидаму ҷоме ҳилолӣ боз мех(в)ардам.

Кашидам дар барат ногоҳу шуд дар тоб гесӯят,
Ниҳодам бар лабат лаброву ҷону дил фидо кардам.

Ту хуш мебош бо Ҳофиз, бирав, гӯ, хасм, ҷон медеҳ!
Чу гармӣ аз ту мебинам, чӣ бок аз хасми дамсардам?!