Маро то кай ҷигархун дорӣ, ай дил

Маро то кай ҷигархун дорӣ, ай дил,
Сиришкамро ҷигаргун дорӣ, ай дил!

Шудӣ ҳамдам даруни дида бо ашк,
Ҳамоно азми берун дорӣ, ай дил!

Маро саргашта дорӣ гирди олам,
Ту ҳам ойини гардун дорӣ, ай дил!

Ба Лайлизулф моҳе майл кардӣ,
Қадам дар роҳи Маҷнун дорӣ, ай дил!

Зи асрори муҳаббат шуд ҷаҳон пур,
Чӣ гавҳарҳои макнун дорӣ, ай дил!

Ба афсун ром кардӣ сад париро,
Ба зери лаб чӣ афсун дорӣ, ай дил?!

Зи чанду чун гузашт андӯҳи Ҷомӣ,
Зи ҳоли ӯ хабар чун дорӣ, ай дил?!