Маро ту ғояти мақсудӣ аз ҷаҳон, эй дӯст

104

Маро ту ғояти мақсудӣ аз ҷаҳон, эй дӯст,
Ҳазор ҷони азизат фидои ҷон, эй дӯст!

Чунон ба доми ту улфат гирифт мурғи дилам,
Ки ёд менакунад аҳди ошён, эй дӯст.

Гарам ту дар накушоӣ, куҷо тавонам рафт?
Ба ростон, ки бимирам бар остон, эй дӯст.

Диле шикаставу ҷоне ниҳода бар кафи даст,
Бигӯ «биёр», ки гӯям «бигир», ҳон, эй дӯст.

Танам бипӯсаду хокам ба бод реза шавад,
Ҳанӯз меҳри ту бошад дар устухон, эй дӯст.

Ҷафо макун, ки бузургон ба хурдае зи раҳӣ1
Чунин сабук нанишинанду саргарон, эй дӯст.

Ба лутф агар бихурӣ хуни ман, раво бошад,
Ба қаҳрам аз назари хештан марон, эй дӯст.

Муносиби лаби лаълат ҳадис боястӣ,
Ҷавоби талх бадеъ аст аз он даҳон, эй дӯст.

Маро ризои ту бояд, на зиндагонии хеш,
Агар муроди ту қатл аст, вораҳон, эй дӯст!

Кӣ гуфт, Саъдӣ аз осеби ишқ бигрезад?
Ба дӯстӣ, ки ғалат мебарад гумон, эй дӯст,

Ки гар ба ҷон расад аз дасти душманонам кор,
Зи дӯстӣ накунам тавба ҳамчунон, эй дӯст.


1 Банда, ғулом.