Маро чашмест хунафшон зи дасти он камонабрӯ

412

Маро чашмест хунафшон зи дасти он камонабрӯ,
Ҷаҳон бас фитна хоҳад дид аз он чашму аз он абрӯ.

Ғуломи чашми он туркам, ки дар хоби хуши мастӣ
Нигорин гулшанаш рӯясту мушкин соябон абрӯ.

Ҳилоле шуд танам з-ин ғам, ки бо туғрои мушкинаш
Кӣ бошад маҳ, ки бинмояд зи тоқи осмон абрӯ?

Рақибон ғофилу моро аз он чашму ҷабин ҳар дам
Ҳазорон гуна пайғом асту ҳоҷиб дар миён абрӯ.

Равони гӯшагиронро ҷабинаш турфа гулзорест,
Ки бар тарфи суманзораш ҳамегардад чамон абрӯ.

Дигар ҳуру париро кас нагӯяд бо чунин ҳусне,
Ки инро инчунин чашм асту в-онро ончунон абрӯ.

Ту, кофирдил, намебандӣ ниқоби зулфу метарсам,
Ки меҳробам бигардонад хами он дилситон абрӯ.

Агарчи мурғи зирак буд Ҳофиз дар ҳаводорӣ,
Ба тири ғамза сайдаш кард чашми он камонабрӯ.