Маро чун то қиёмат ёр ин аст

90

Маро чун то қиёмат ёр ин аст,
Харобу маст бошам, кор ин аст!

Зи кору касб мондам, касбам ин аст,
Рухо, зар зан, туро динор ин аст!

На ақле монду не тамйизу не дил,
Чи чора, фиъли он дидор ин аст!

Гули садбарг дид он рӯйи хубаш,
Ба булбул гуфт гул: «Гулзор ин аст!»

Чу хубон сояҳои тайри ғайбанд,
Ба сӯйи ғайб о, тайёр ин аст!

Мукаррар бингар он сӯ, чашм мемол,
Ки ҷонро мадраса-в такрор ин аст!

Чу лаб бикшод, ҷонҳо ҷумла гуфтанд:
«Шифои ҷони ҳар бемор ин аст!»

Чу як соғар зи дасти ишқ хӯрданд,
Яқиншон шуд, ки худ хаммор ин аст!

Гарав кардӣ ба май дастору ҷубба,
Сазои ҷуббаву дастор ин аст!

Хабар омад, ки Юсуф шуд ба бозор,
Ҳало, ку Юсуф, ар бозор ин аст?!

Фусуне хонду пинҳон кард худро,
Камина лаъби он таррор ин аст!

Зи мулку моли олам чора дорам,
Маро дину дилу ночор ин аст!

Миён гар пеши ғайри ишқ бандам,
Масеҳӣ бошаму зуннор ин аст!

Ба гирди ҳавз гаштам, дарфитодам,
Ҷазои ончунон кирдор ин аст!

Дило, чун дарфитодӣ дар чунин ҳавз,
Туро ғусли қиёматвор ин аст!

Рухи шаҳ ҷустайӣ, шаҳмот ин аст,
Чу дуздӣ кардӣ, ай дил, дор ин аст!

Машин бо худ, нишин бо ҳар ки хоҳӣ,
Зи нафси худ бибур, ағёр ин аст!

Хамуш кун, хоҷа, лоғи пор кам гӯ,
Дилам пора-сту лоғи пор ин аст!

Хамуш бошу дар ин ҳайрат фурӯ рав,
Биҳил асрорро, к-асрор ин аст!