Марҳабо, эй насими анбарбӯй

630

Марҳабо, эй насими анбарбӯй,
Хабаре з-он бахашмрафта бигӯй.

Дилбари сустмеҳри сахткамон,
Соҳиби дӯстрӯи душманхӯй.

Гӯ, дигар гар ҳалоки ман хоҳӣ,
Бе гуноҳам бикуш, баҳона маҷӯй.

Ташна, тарсам, ки мунқатеъ гардад,
Гар на боз ояд оби рафта ба ҷӯй.

Сабр дидем дар муқобили шавқ,
Оташу пунба буду сангу сабӯй.

Ҳар кӣ бо дӯсте саре дорад,
Гӯ, ду даст аз муроди хеш бишӯй.

То гирифтори хамми чавгонӣ,
Эҳтимолат зарурат аст чу гӯй.

Подшоҳону ганҷу хайлу ҳашам,
Орифону самоъу ҳоёҳуй.

Саъдиё, шӯри ишқ мегӯяд
Суханонат, на табъи ширингӯй.

Ҳар касеро набошад ин гуфтор,
Уди носӯхта надорад бӯй.