Масте саломат мекунад, пинҳон паёмат мекунад

187

Масте саломат мекунад, пинҳон паёмат мекунад,
Он, к — ӯ дилашро бурдаӣ, ҷон ҳам ғуломат мекунад!

Ай нест карда ҳастро, бишнав саломи мастро,
Масте, ки ҳар ду дастро побанди домат мекунад!

Ай осмони ошиқон, ай ҷони ҷони ошиқон,
Ҳуснат миёни ошиқон нак дӯсткомат мекунад!

Ай чошнии ҳар лабе, ай қиблаи ҳар мазҳабе,
Маҳ посбонӣ ҳар шабе бар гирди бомат мекунад!

Он, к — ӯ зи хок абдон кунад, мар дудро Кайвон кунад,
Ай хоки тан в-ай дуди дил, бингар, кадомат мекунад?!

Як лаҳзаат пар медиҳад, як лаҳза лангар медиҳад,
Як лаҳза субҳат мекунад, як лаҳза шомат мекунад!

Як лаҳза меларзонадат, як лаҳза механдонадат,
Як лаҳза мастат мекунад, як лаҳза ҷомат мекунад!

Чун муҳраӣ дар дасти ӯ, гаҳ бодаву гаҳ масти ӯ,
Ин муҳраатро бишканад, валлаҳ, тамомат мекунад!

Гаҳ он бувад, гаҳ ин бувад, поёни ту тамкин бувад,
Лекин бар ин талвинҳо1 мақбулу ромат мекунад!

Ту Нӯҳ будӣ муддате, будат қадам дар шиддате,
Монандаи киштӣ кунун бе пову гомат мекунанд!

Хомуш куну ҳайрон нишин, ҳайрони ҳайратофарин,
Пухтасухан мардӣ, вале гуфтор хомат мекунад!


1 Рангҳои гуногун, мулавван.