Маталаб, гар тавонгарӣ хоҳӣ

Маталаб, гар тавонгарӣ хоҳӣ,
Ҷуз қаноат, ки давлатест ҳанӣ.

Гар ғанӣ зар ба доман афшонад,
То назар дар савоби ӯ накунӣ,

К-аз бузургон шунидаам бисёр,
Сабри дарвеш беҳ, ки базли ғанӣ.