Маталаб тоату паймону салоҳ аз мани маст

24

Маталаб тоату паймону салоҳ аз мани маст,
Ки ба паймонакашӣ шуҳра шудам рӯзи аласт.

Ман ҳамон дам, ки вузӯ сохтам аз чашмаи ишқ,
Чор такбир задам яксара бар ҳар чӣ, ки ҳаст.

Май бидеҳ, то диҳамат огаҳӣ аз сирри қазо,
Ки ба рӯйи кӣ шудам ошиқу аз бӯйи кӣ маст.

Камари кӯҳ кам аст аз камари мӯр ин ҷо,
Ноумед аз дари раҳмат машав, эй бодапараст!

Ба ҷуз он наргиси мастона, ки чашмаш марасод,
Зери ин торуми фирӯза касе хуш нанишаст.

Ҷон фидои даҳанаш бод, ки дар боғи назар
Чаманорои ҷаҳон хуштар аз ин ғунча набаст.

Ҳофиз аз давлати ишқи ту Сулаймоне шуд,
Яъне, аз васли туаш нест ба ҷуз бод ба даст.