Матоб, эй порсо, рӯй аз гунаҳкор

Матоб, эй порсо, рӯй аз гунаҳкор,
Ба бахшояндагӣ дар вай назар кун.
Агар ман ноҷавонмардам ба кирдор,
Ту бар ман чун ҷавонмардон гузар кун.