Маъшуқа ба сомон шуд, то бод, чунин бодо!

19

Маъшуқа ба сомон шуд, то бод, чунин бодо!
Куфраш ҳама имон шуд, то бод, чунин бодо!

Мулке, ки парешон шуд, аз шумии шайтон шуд.
Боз они Сулаймон шуд, то бод, чунин бодо!

Ҳам бода ҷудо х(в)ардӣ, ҳам айш ҷудо кардӣ,
Нак сардиҳи миҳмон шуд, то бод чунин бодо!

З-он талъати шоҳона, з-он машъалаи хона
Ҳар гӯша чу майдон шуд, то бод, чунин бодо!

З-он чашми дурӯғинаш, з-он шеваи ширинаш
Олам шакаристон шуд, то бод, чунин бодо!

Шаб рафту сабӯҳ омад, ғам рафту футӯҳ омад,
Хуршед дурахшон шуд, то бод, чунин бодо!

Аз давлати маҳзунон в-аз ҳиммати маҷнунон
Он силсила ҷунбон шуд, то бод, чунин бодо!

Ид омаду ид омад, ёре, ки рамид, омад,
Идона фаровон шуд, то бод, чунин бодо!

Ай мутриби соҳибдил, дар зер макун манзил,
К-он Зуҳра ба мизон шуд, то бод, чунин бодо!

Дарвеш Фаридун шуд, ҳамкисаи Қорун шуд,
Ҳамкосаи султон шуд, то бод, чунин бодо!

Он боди ҳаворо бин, з-афсуни лаби ширин
Бо ной дар афғон шуд, то бод, чунин бодо!

Фиръавн бад-он сахтӣ, бо он ҳама бадбахтӣ
Нак Мӯсии Имрон шуд, то бод, чунин бодо!

Он гург бад-он зиштӣ, бо ҷаҳлу фаромуштӣ,
Нак Юсуфи Канъон шуд, то бод, чунин бодо!

Шамсулҳақи Табрезӣ, азбаски даромезӣ,
Табрез Хуросон шуд, то бод, чунин бодо!

Аз аслама шайтонӣ шуд нафси ту раббонӣ,
Иблис мусалмон шуд, то бод, чунин бодо!

Он моҳ чу тобон шуд, кавнайн гулистон шуд,
Ашхос ҳама ҷон шуд, то бод чунин бодо!

Бар рӯҳ барафрӯзӣ, то буд, чунин будӣ,
Фарри ту фаровон шуд, то бод, чунин бодо!

Қаҳраш ҳама раҳмат шуд, заҳраш ҳама шарбат шуд,
Абраш шакарафшон шуд, то бод, чунин бодо!

Аз кох чӣ рангастат, аз шох чӣ тангастат,
Ин гов чу қурбон шуд, то бод, чунин бодо!

Арзӣ чу самойӣ шуд, мақсуд Санойӣ шуд,
Ин буд, ҳама он шуд, то бод, чунин бодо!

Хомӯш, ки сармастам, барбаст касе дастам,
Андеша парешон шуд, то бод, чунин бодо!