Маҳи уштурсавори ман, ки шуд рахши фалак пасташ

Маҳи уштурсавори ман, ки шуд рахши фалак пасташ,
Хуш он раҳрав, ки дар қайди миҳори1 меҳр дил басташ.

Тани покаш ба покӣ даст бурд аз чашмаи ҳайвон,
Хизир кай ёбад он давлат, ки резад об бар дасташ?

Зи шохи сидра2 омад нахли ӯ бартар, аҷаб дорам,
Ки чун осеби санги нокасон нӯшин рутаб хасташ.

Агар сад наштари меҳнат расад, бас бошад ин марҳам,
Ки сӯйи синарешон илтифоти хотире ҳасташ.

Ба куҳли давлати гетӣ сияҳчашмӣ накард, оре,
Савод аз сурмаи “мо зоғ”3 дорад наргиси масташ.

Гузашт аз сию чил бар соҳили баҳри талаб умрам,
Хуш он к-афтад чу сайёде пас аз панҷоҳ дар шасташ.

Бувад вассофи ӯ Ҷомӣ, дилашро барқи ғам бодо,
Агар ҳарфе на дар васфи рухи ӯ аз забон ҷасташ.


1 Миҳор – инони шутур.
2 Сидра – номи дарахти афсонавӣ. Ниг. Тавзеҳот.
3 Мо зоғ – аз сураи “Наҷм”-и Қуръон, ояи 17. Яъне, ба суе майл накард, каҷ нанигарист.