Маҷди дин, сарвару султони қузот Исмоил

19

Маҷди дин, сарвару султони қузот Исмоил,
Ки задӣ килки забоновараш аз шаръ натақ,

Нофи ҳафта буду аз моҳи раҷаб кофу алиф,
Ки бурун рафт аз ин хонаи беназму насақ.

Канафи раҳмати Ҳақ манзили ӯ дон в-он гаҳ,
Соли таърихи вафоташ талаб аз «раҳмати ҳақ».