Мебарзанад зи машриқ шамъи фалак забона

492

Мебарзанад зи машриқ шамъи фалак забона,
Эй соқии сабӯҳӣ, дардеҳ маи шабона!

Ақлам бидузд лахте, чанд ихтиёри дониш?
Ҳушам бибар замоне, то кай ғами замона?

Гар санги фитна борад, фарқи манаш сипар кун,
В-ар тири таъна ояд, ҷони манаш нишона.

Гар май ба ҷон диҳандат, бистон, ки пеши доно
З-оби ҳаёт беҳтар хоки шаробхона.

Он кӯза бар кафам неҳ, к-оби ҳаёт дорад,
Ҳам таъми нор дорад, ҳам ранги нордона.

Сӯфӣ чӣ гуна гардад гирди шароби софӣ?
Гунҷишкро нагунҷад анқо дар ошёна.

Девонагон натарсанд аз савлати қиёмат,
Бишкебад аспи чӯбин аз сайфу1 тозиёна.

Сӯфию кунҷи хилват, Саъдию тарфи саҳро,
Соҳибҳунар нагирад бар беҳунар баҳона.


1 Шамшер.