Медон, ки замона нақши савдост

105

Медон, ки замона нақши савдост,
Берун зи замона сурати мост!

Зеро қафас аст ин замона,
Берун ҳама кӯҳи Қофу Анқост!

Ҷӯест ҷаҳону мо бурунем,
Бар ҷӯй фитода сояи мост!

Ин ҷо сари нуктаест мушкил,
Ин ҷо набувад, валек ин ҷост!

Ҷуз дар рухи ҷон маханд, ай дил,
Бе ӯ ҳама ханда гиряафзост!

Он дил набувад, ки бошад ӯ танг,
З-он рӯй, ки дил фароху паҳност!

Дил ғам нахурад, ғизо-ш ғам нест,
Тӯтист дилу аҷаб шакархост!

Монанди дарахт сар қадам соз,
Зеро ки раҳи ту зеру болост!

Шох аз чи назар ба бех дорад?!
К-он қуввати мағзи ӯ ҳам аз пост!