Мефикан бар сари риндон назаре беҳтар аз ин

404

Мефикан бар сари риндон назаре беҳтар аз ин,
Бар дари майкада мекун гузаре беҳтар аз ин.

Дар ҳақи ман лабат ин лутф, ки мефармояд,
Сахт хуб аст, валекин қадаре беҳтар аз ин.

Он ки фикраш гираҳ аз кори ҷаҳон бикшояд,
Гӯ, дар ин нукта бифармо назаре беҳтар аз ин.

Носеҳат гуфт, ки ҷуз ғам чӣ ҳунар дорад ишқ?
Бирав, эй хоҷаи оқил, ҳунаре беҳтар аз ин!

Дил бад-он руди гиромӣ чӣ кунад, гар надиҳам,
Модари даҳр надорад писаре беҳтар аз ин.

Ман чу гӯям, ки қадаҳ нӯшу лаби соқӣ бӯс,
Бишнав аз ман, ки нагӯяд дигаре беҳтар аз ин.

Килки Ҳофиз шакаринмева наботест, бичин,
Ки дар ин боғ набинӣ самаре беҳтар аз ин.