Мехиромад сӯйи бустон шоҳиди раънои гул

Мехиромад сӯйи бустон шоҳиди раънои гул,
Меравад оби равон, то сар ниҳад дар пои гул.

Тофт абр аз сим ришта, сӯзан аз зар сохт меҳр,
То сабо дӯзад қабои лутф бар болои гул.

Ҷилваи гулро бувад чизеву ройи рангу бӯй,
Нест бе чизе, ки булбул шуд чунин шайдои гул.

Вақти гул коме бигир аз дилбари норастахат,
Пеш аз он рӯзе, ки бинӣ хорҳо дар ҷои гул.

Базми мастонро биёрой аз гул, ай соқӣ, ки шуд
Базми боғ ороста аз рӯйи базморои гул.

Лаб-лаби ҷӯй ову гулро бин ба сад раҳ ишвагар,
Ай ки чун оби равонӣ лаб ба лаб ҷӯёи гул.

Васфи гул то чанд, Ҷомӣ, ҳар киро з-он лоларух,
Чун ту бошад доғ бар дил, кай кунад парвои гул.