Мискинаму кӯи ошиқӣ манзили ман

Мискинаму кӯи ошиқӣ манзили ман,
Мискин ману дигар дили беҳосили ман.
Эй ҷони ҳазин, ту низ мискини касӣ,
Мискин туву мискин ману мискин дили ман.