Миёни боғ ҳаром аст бе ту гардидан

465

Миёни боғ ҳаром аст бе ту гардидан,
Ки хор бе ту маро беҳ, ки бе ту гул чидан.

В-агар ба ҷом барам бе ту даст дар маҷлис,
Ҳароми сирф бувад бе ту бода нӯшидан.

Хами ду зулфи ту бар лола ҳалқа дар ҳалқа
Ба санги хора даромӯхт ишқ варзидан.

Агар ҷамоати Чин сурати ту бут, бинанд,
Шаванд ҷумла пушаймон зи бут парастидан.

Касоди нархи шакар дар ҷаҳон падид ояд,
Даҳон чу бозкушоӣ ба вақти хандидан.

Ба ҷой хушк бимонанд сарвҳои чаман,
Чу қомати ту бибинанд дар хиромидан.

Мани гадой кӣ бошам, ки дам занам зи лабат?
Саодатам чӣ бувад? Хоки пот бӯсидан.

Ба ишқ мастию расвоиям хуш аст, аз он-к
Накӯ набошад бо ишқ зуҳд варзидан.

Нишоти зоҳид аз анвои тоат асту вараъ,
Сафои ориф аз абрӯи накувон дидан.

Инояти ту чу бо ҷони Саъдияст, чӣ бок,
Чӣ ғам хурад гаҳи ҳашр аз гуноҳ санҷидан?