Миёни ду кас ҷанг чун оташ аст

Миёни ду кас ҷанг чун оташ аст,
Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст!

Кунанд ину он хуш дигарбора дил,
Вай андар миён кӯрбахту хиҷил!

Миёни ду тан оташ афрӯхтан
На ақл асту худ дар миён сӯхтан!