Миҳмони туам, ай ҷон, зинҳор махусб имшаб

68

Миҳмони туам, ай ҷон, зинҳор махусб имшаб,
Ай ҷону дили миҳмон, зинҳор махусб имшаб!

Рӯйи ту чу бадр омад, имшаб шаби қадр омад,
Ай шоҳи ҳама хубон, зинҳор махусб имшаб!

Ай сарви дусад бустон, ороми дили мастон,
Бурдӣ дилу ҷон бистон, зинҳор махусб имшаб!

Ай боғи хуши хандон, бе ту ду ҷаҳон зиндон,
Онӣ туву садчандон, зинҳор махусб имшаб!