Моем шуста з-оби май даст аз ҳама олудагӣ

Моем шуста з-оби май даст аз ҳама олудагӣ,
Суда саре дар пойи хум в-аз дарди сар осудагӣ.

Вақте ба ишқи некӯвон будам зи буди хеш гум
В-акнун ба худ дармондаам, хуш вақти он гумбудагӣ.

То сар ба болинам зи ту бар бистари бебистарӣ,
Дар хун ғунуда ҳар шабе чашмам зи шабнағнудагӣ.

Хуни ҷигар полудаам аз шеъри мижгон умрҳо,
Бо ман дилат софӣ нашуд бо ин ҳама полудагӣ.

Бо худфурӯшонам макун ҳамсар, ки ман хоси туам,
Дорад тафовут дар баҳо бозорӣ аз фармудагӣ!

Дил сода аз нақши тараб, по суда аз роҳи талаб,
Бо давлати дардат хушам, з-ин содагию судагӣ.

Ҷомӣ нашуд дар ошиқӣ з-ашки дурӯғин сурхрӯ,
Комилиёрӣ кай расад мисро зи рӯйандудагӣ?