Моҳе, ки қадаш ба сарв мемонад, рост

4

Моҳе, ки қадаш ба сарв мемонад, рост,
Ойина ба дасту рӯи худ меорост.
Дасторчае пешкашаш кардам, гуфт:
«Васлам талабӣ? Зиҳӣ хаёле, ки турост!»