Моҳрӯё, рӯи хуб аз ман матоб

27

Моҳрӯё, рӯи хуб аз ман матоб,
Бехато куштан чӣ мебинӣ савоб.

Дӯш дар хобам дар оғӯш омадӣ,
В-ин напиндорам, ки бинам ҷуз ба хоб.

Аз даруни сӯзноку чашми тар
Нимае дар оташам, ниме дар об.

Ҳар кӣ боз ояд зи дар, пиндорам, ӯст,
Ташна мискин об пиндорад сароб.

Новакашро ҷони дарвешон ҳадаф,
Нохунашро хуни мискинон хизоб1.

Ӯ сухан мегӯяду дил мебарад,
В-ӯ намак мерезаду мардум кабоб.

Ҳайф бошад бар чунон тан пираҳан,
Зулм бошад бар чунон сурат ниқоб.

Хай2 ба домон аз буногӯшаш бигир,
То бигирад ҷомаат бӯи гулоб.

Фитна бошад шоҳиде, шамъе ба даст,
Саргарон аз хобу сармаст аз шароб.

Бомдоде то ба шаб рӯят мапӯш,
То бипӯшонӣ ҷамоли офтоб.

Саъдиё, гар дар бараш хоҳӣ чу чанг,
Гӯшмолат хурд бояд чун рубоб.


1 Он чи бо он мӯю пӯстро ранг кунанд.
2 Арақи бадан.