Мо беғамони маст, дилаздастдодаем

364

Мо беғамони маст, дилаздастдодаем,
Ҳамрози ишқу ҳамнафаси ҷоми бодаем.

Бар мо басе камони маломат кашидаанд,
То кори худ зи абруи ҷонон гушодаем.

Эй гул, ту дӯш доғи сабӯҳӣ кашидаӣ,
Мо он шақоиқем, ки бо доғ зодаем.

Пири муғон зи тавбаи мо гар малул шуд,
Гӯ, бода соф кун, ки ба узр истодаем.

Кор аз ту меравад, мададе, эй далели роҳ,
К-инсоф медиҳему зи роҳ уфтодаем.

Чун лола май мабину қадаҳ дар миёни кор
Ин доғ бин, ки дар дили хунин ниҳодаем.

Гуфтӣ, ки, Ҳофиз, ин ҳама рангу хаёл чист?
Нақш ғалат махон, ки ҳамон лавҳи содаем.