Мо дар ин шаҳр ғарибему дар ин мулк фақир

309

Мо дар ин шаҳр ғарибему дар ин мулк фақир,
Ба каманди ту гирифтору ба доми ту асир.

Дари офоқ кушодаст, валекин бастаст
Аз сари зулфи ту дар пои дили мо занҷир.

Ман назар бозгирифтан натавонам ҳама умр,
Аз ман, эй хусрави хубон, ту назар бозмагир.

Гарчи дар хайли ту бисёр беҳ аз мо бошад,
Мо туро дар ҳама олам нашиносем назир.

Дар дилам буд, ки ҷон бар ту фишонам рӯзе,
Боз дар хотирам омад, ки матоъест ҳақир.

Ин ҳадис аз сари дардест, ки ман мегӯям,
То бар оташ наниҳӣ, бӯй наёяд зи абир.

Гар бигӯям, ки маро ҳоли парешоне нест,
Ранги рухсор хабар медиҳад аз сирри замир.

Ишқи пиронасар аз ман аҷабат меояд,
Чӣ ҷавонӣ ту, ки аз даст бибурдӣ дили пир?

Ман аз ин ҳар ду камонхонаи абрӯи ту чашм
Барнагирам, в-агарам чашм бидӯзанд ба тир.

Аҷаб аз ақли касоне, ки маро панд диҳанд,
Бирав, эй хоҷа, ки ошиқ набувад пандпазир.

Саъдиё, пайкари матбӯъ барои назар аст,
Гар набинӣ, чӣ бувад фоидаи чашми басир?